Раиси вилояти Суғд дар назди Маҷлиси вакилони халқӣ ҳисобот медиҳад

Обуна шудан
Рӯзи 27 декабри соли равон иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи қарори навбатии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 27 декабри соли равон  иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маҷлиси мазкур раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2018 ҳисобот пешниҳод хоҳад кард.

Маросими тақдими мошинҳо барои иҷрои нақшаи пахтачинӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд барои саҳми арзандаи пахтачинӣ мошин тӯҳфа кард

Инчунин дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2019, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2018 баррасӣ хоҳанд шу.

“Аз ҷониби комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят доир ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Адрасмон”, №16 Бахтиёр Маҷидов доир ба иҷрои ваколати вакилӣ, ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳисобот пешниҳод мегардад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамчунин дар иҷлосияи мазкурмасъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд баррасӣ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0