Гармӣ: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то +18 дараҷа мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевНовогодний Душанбе
Новогодний Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 1+3 ва рӯзона +16+18 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8,   рӯзона  1+6  ва дар шарқи ин вилоят шабона -23-28  ва рӯзона -9-14  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб дар як сония 4-9 метр  мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +13+18   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, ҳарорат шабона ба 0+5  ва рӯзона  ба  13+18  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 1+3  ва рӯзона +16+18  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0