ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Шаҳристон бо баргузории як маросим раиси навтаъини ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзодаро муаррифӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.
Рӯзи гузашта, 12 декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони 3 шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристонро иваз карда буд. Тибқи фармони раисҷумҳур Умар Ёқубзода аз мақоми раиси ноҳияи Шаҳристон барканор ва Ашӯралӣ Ҷалилзода ба ҷои вай таъин гардид.
"Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Умар Ёқубзода, ки солҳои роҳбарии худ ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия саҳмгузорӣ намудааст, изҳори ташаккур намуда, ба Ашуралӣ Ҷалилзода дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барори кор таманно намуд", - менависад манбаъ.
Ашуралӣ Ҷалилзода 10 марти солои 1970 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқи хизматчиёни давлатӣ дар назди Президенти Федератсияи Россия мебошад. Мавсуф дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси Кумитаи замини ноҳияи Спитамен ва роҳбари намояндагии КВД Хоҷагию манзилию коммуналӣ дар вилояти Суғд кор кардааст.