Парлумони Узбакистон Тоҷикистонро шарики стратегӣ эътироф кард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкЗдание Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан в Ташкенте, архивное фото
Здание Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан в Ташкенте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сенати Олий Маҷлис, палатаи болоии парлумони Узбакистон созишнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Алишер Курманов, раиси Кумитаи Сенат дар масоили муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва сайёҳӣ, 13 декабр зимни баррасии созишномаи мазкур дар парлумон гуфт, ин санади муҳим барои таҳкими дӯстию ҳамсоядории хуби Тоҷикистону Узбакистон мусоидат карда, муносиботи ду кишварро ба сатҳи нав мебарорад.

Созишномаи мазкур 17 август дар Тошканд зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон имзо шуда буд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбакистонро охири моҳи ноябр ба тасвиб расонд.

Лентаи хабарҳо
0