ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 1+3 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 0+5 ва рӯзона ба 11+16 дараҷа мерасад.
Обу ҳаво дар ВМКБ абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4-9, рӯзона 1+6 ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25 ва рӯзона -8-13 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм хоҳад шуд.