Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон раисони панҷ шаҳру навоҳии Суғду Бадахшону Хатлонро ҷо ба ҷо кард

Обуна шудан
Дар Бадахшон раиси ноҳияи Ванҷ, дар Суғд раиси шаҳри Гулистону Конибодом ва ноҳияи Шаҳристон ва дар Хатлон раиси ноҳияи Фархор барканор шуда, ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъин шуданд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳру навоҳии се вилояти Тоҷикистонро ҷо ба ҷо кардааст.

Ҳамин тавр, тибқи фармони раисҷумҳур дар Бадахшон раиси ноҳияи Ванҷ, дар Суғд раиси шаҳри Гулистону Конибодом ва ноҳияи Шаҳристон ва дар Хатлон раиси ноҳияи Фархор барканор шуда, ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъин шуданд.

Раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова бино бар нафақа баромаданаш барканор шуда, ба ҷойи вай Ҷабори Қосим ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ванҷ таъин шудааст.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо далели ба кори дигар гузаштан аз мақом барканор ва ба ҷойи вай Фирдавс Шарифзода таъин гаштааст.

Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ бино бар ба кори дигар гузаштанаш сабукдӯш ва ба ҷойи вай Давлатзода Зафарбек иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин гардидааст.

Ёқубзода Умар аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҷалилзода Ашӯралӣ таъин гаштааст.

Сулаймон Вализода аз вазифаи раиси ноҳияи Фархор озод ва ба ҷойи вай Рустам Раҳматзода таъин гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0