ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории “Parstoday”, созмони ҷаҳонии озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон санадеро бо унвони “Тақвияти амнияти ғизоӣ ва беҳбуди тағзия дар бархе кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” имзо карданд.
Ин санад аз тариқи таъмин ва мудирияти ҳамоҳанг миёни бахшҳои кишоварзӣ, тағзия, беҳдошт, омӯзиш ва парвариш ва ҳифозати иҷтимоӣ дар ин кишвар амалӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ин тарҳ ба таври мустақим дар афзоиши баҳраварӣ ва танаввуи маҳсулоти кишоварзӣ, тағзияи муносиб ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ саҳми бисёре ифо хоҳад кард.
Инчунин вай гуфт, натиҷаи ниҳоии иҷрои ин санад дар Тоҷикистон эҷоди шароити муносиб барои амнияти ғизоии осебпазиртарин қишри ин кишвар хоҳад буд.