Амрико Тоҷикистонро ба нақзи озодиҳои динӣ муттаҳам мекунад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВерующий молится, архивное фото
Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амрико Тоҷикистонро мувофиқи қонун "Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ" аз соли 1998, ҳамчун кишвари ташвишовар эътироф кард

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Амрико чанд кишвар, аз ҷумла Чин, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва  ба рӯйхати сиёҳи кишварҳои поймолкунандаи озодии динӣ дохил карда, Русияро ба “рӯйхати махсуси назоратӣ” ворид кардааст, эълом дошт котиби давлатии ИМА Майк Пампео.

Тавре дар баёноти Пампео қайд шудааст, қарори вижа дар ин бора 28 ноябр ба тасвиб расидааст.

“Ман Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи шимолӣ, Покистон, Судон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро бар асоси Қонуни соли 1998 "Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ" барои иштирок ваё таҳаммул кардани "нақзи муназзам", доим (ва) шадиди озодиҳои динӣ» ҳамчун давлатҳои мавриди нигаронии хос муайян кардам”, - гуфт Пампео.  

“Ман ҳамчунин ҷазираҳои Комор, Русия ва Узбакистонро барои иштирок ваё роҳ додан ба "нақзи ҷиддии озодиҳои динӣ" ба рӯйхати махсуси назоратӣ шомил кардам. Ва ниҳоятан, ман Ҷабҳат-ан-Нусра, Ал-Қоидаи Арабистон, Ал-Қоида, Аш-Шабоб, Боко Ҳарам, ҳусиҳо, ДОИШ, ДОИШ-Хуросон ва Толибонро ҳамчун созмонҳои мавриди нигаронии хос таъйин кардам”, - афзуд вай.

Амрико ҳамчунин созмонҳои ифротие, чун ДОИШ, ДОИШ-Хуросон, Толибон, Ал-Қоида, Боко Ҳарам, Аш-Шабоб ва Ҷабҳат-ун-Нусраро ба далели саркӯби озодии эътиқод ба рӯйхатти сиёҳи созмонҳои мавриди нигаронии хосаш шомил кардааст.

“Дар гӯшаҳои хеле зиёде дар саросари дунё мардумон фақат барои онки мехоҳанд мутобиқ ба ақидаҳои худ зиндагӣ кунанд, ҳамчунон таҳти таъқибу боздошт ва ҳатто марг қарор мегиранд. Иёлоти Муттаҳида дар муқобили чунин табъизҳо ҳамчун тамошобин нахоҳад нишаст”, - таъкид кардааст Пампео.

Аммо котиби давлатии Амрико нагуфтааст, ки  нисбати кишварҳое, ки ба ин рӯйхати сиёҳ ворид шудаанд, кадом чораҷӯиҳо анҷом меёбанд.

Лентаи хабарҳо
0