Талаби 20 ҳазор сомонӣ пора барои гирифтани қарори раиси шаҳри Ваҳдат

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Умаралӣ Нигматов, як мақомдори шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки барои гирифтани қарори раиси шаҳр, аз корафтода 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс,  Нигматов, ки дар вазифаи мутахассиси КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Ваҳдат” кор мекардааст, 4 октябри соли равон дар бинои ҳукумати Ваҳдат барои кӯмак дар ҷудо кардани замин барои сохтмони истироҳатгоҳ аз шаҳрванд “А” пора талаб кардааст.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти муфаттиши калони ВУД аз сӯи Ожонси зидди фасод

Манбаъ афзуд, муттаҳам барои гирифтани қарори раиси шаҳри Ваҳдат дар хусуси ҷудо намудани 0,06 гектар қитъаи замин барои бунёди истироҳатгоҳ 20 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Ожонс илова кард, ки Нигматов ҳангоми гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора дастгир шуда, далели шайъӣ аз ӯ дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои ин ниҳод, феълан алайҳи Нигматов Умаралӣ Ҳамрохонович бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз  шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0