Вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъйини Чинро қабул кард

© МИД РТГлава МИД Таджикистана принял верительную грамоту от нового посла Китая в Таджикистане
Глава МИД Таджикистана принял верительную грамоту от нового посла Китая в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири тозатаъйини Чин дар Тоҷикистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода  ва  Мухтори Чин Лю Бинро қабул кард. 

Др ин бора дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Чин - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин аз сафири Чин дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики ҳамкориҳои  мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегиро  дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуданд.  

 Тарафҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО ва ғайра табодули афкор намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Лю Бинро  ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси  Сафири Фавқулода  ва  Мухтори Ҷумҳурии  Мардумии  Чин дар Тоҷикистон табрик  намуда,  барояш комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

 

Лентаи хабарҳо
0