Сарбоз солим буд: мақомот дар бораи қатли афсар аз сӯи аскарбача

© Саҳифаи фейсбукии Ҳилол Умедппур, гуруҳи Pamir NewsЛейтенант Алиасғар Олимбеков, ки аз сӯи сарбоз паронда шудааст
Лейтенант Алиасғар Олимбеков, ки аз сӯи сарбоз паронда шудааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон кушта шудани лейтенант Алиасғар Олимбеков аз сӯи сарбоз дар минтақаи сарҳадии ВМКБ-ро тасдиқ карданд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тавре аз дафтари матбуоти мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба Sputnik иттилоъ доданд, сарбози муттаҳам дар парондани афсар феълан дар ҳабси пешакӣ буда, таҳқиқ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Помазок с бритвенным станком, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони Русия муҳоҷирони тоҷикро маҷбур сохтанд дар марз ришҳояшонро тарошанд

Манбаъ изҳор дошт, ки замони ҷалби сарбози муттаҳам ба хидмати ҳарбӣ вазъи саломатияш хуб буд.

“Айни ҳол додситонии ҳарбӣ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст. Муайян мешавад, ки ин ҳодиса тасодуфан ё қасдан рух додааст. Ҷузъиёти дигар танҳо баъди тафтишот пешниҳод хоҳанд шуд”, - изҳор дошт мусоҳиби Sputnik дар мақомоти марзбонӣ.

Ҳилол Умедпур, яке аз дӯстони афсар Алиасғар Олимбеков бо нашри як паём дар саҳифаи фейсбукияш изҳор доштааст, ки афсари марҳум бо 8 тир аз сӯи сарбоз кушта шудааст.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса 7 - уми декабри соли равон тақрибан соатҳои 16 - и бегоҳӣ ба вақти маҳаллӣ дар Дидбонгоҳи сарҳадии миёндеҳҳои Пишу Ғожаки ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст.

“Ҳодиса бо сабаби истифодаи телефони мобилӣ аз тарафи сарбозе сар задааст, ки навбатдорӣ мекард ва Алиасғар кӯшиш дошт телефонро аз дасти сарбоз гирад”, - навиштааст Ҳилол Умедпур.

Гуфта мешавад, ки сарбоз нуқсонҳои рӯҳӣ доштааст ва ҳангоми телефонро аз дасташ кашида гирифтан, нофармонӣ карда, беихтиёр бо яроқи оташфишон ба тарафи лейтинант Олимбеков 8 тир холӣ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сарбози муттаҳам феълан дар ҳабс буда, мавриди бозпурсӣ қарор дорад ва ҷузъиёти бештар баъди анҷоми тафтишот ироа хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0