ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи иттилоии дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Фархорро боздошт намуданд, ки бо роҳи фиреб аз сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ 405 ҳазору 300 сомонӣ гирифта барнагардондааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дастгиршуда ба боварии сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ маблағро гӯё барои тиҷорат мегирад.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд”, таъкид намудааст манбаъ.
Инчунин ба иттилои ВУД Тоҷикистон, номбурда, соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини ноҳияи Фархор даромада, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи мазкур аз ӯ барои тиҷорат 405 ҳазору 300-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Дар ҳоли ҳозир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ҳодисаро мавриди тафтиш қарор додаанд.