ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7 ва рӯзона ба 7+12 дараҷа мерасад.
Дар ҳамин ҳол обу ҳаво дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона 2+7 ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18 ва рӯзона -2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2200 м барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +8+13 дараҷа гарм хоҳад шуд.