“IRS” аз мушкили ҳаракат дар роҳи Душанбе –Чаноқ хабар дод

© Пресс-служба компании "IRS" Тамбашавӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Тамбашавӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ боридани барф идома дорад, кормандони ширкат "IRS" барои ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт чораҳои зарурӣ меандешанд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  Ширкати “IRS” иттилоъ додааст, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати баъзе воситаҳои  нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкат.

Бино бар иттилои манбаъ, бинобар шадид ва беист будани боришоти барф дар масири роҳи Душанбе - Чанок, мавҷудияти тамбашавӣ, ки ба бетафовутии як идда ронандагон рабт дорад, ҳаракати баъзе воситаҳои  воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда  шуд.

Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барфи зиёд аст: ҳаракати "Фура"-ҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мамнӯъ шуд

“Маҳдудияти мазкур ба воситаҳои нақлиёти притсепдор ва "Фура"-ҳо дахл дошта, он моҳияти муваққатиро дорад”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Ширкати “IRS”  афзудааст, ки айни замон коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш, тоза кардани роҳ аз барф  бо техникаҳои махсусгардонишуда ва аз байн бурдани ҳолатҳои тамбашавӣ идома дошт, доир ба ин масъала иловатан маълумот пешниҳод карда мешавад.

Инчунин, масъулини ширкати аз ронандаҳо хоҳиш намудаанд, ки ба ҳолати баамаломада бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд!

 

Лентаи хабарҳо
0