ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз -1+4 то 0-5, рӯзона 1+6 ва дар шарқи ин вилоят шабона -14-19 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2200 м барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7 ва рӯзона ба 10+15 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона 5+7 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.