ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Олимони Донишгоҳи Оксфорд тадқиқоте гузаронида, муайян карданд, ки кадом занон ба хиёнат майл доранд.
Ҳамин тавр, онҳо байни панҷаи занон ва майли онҳо ба хиёнат иртиботе пайдо карданд.
Дар тадқиқот 474 нафар иштирок доштанд. Мутахассисон аз онҳо дархост карданд, ки пурсишномаеро пур кунанд. Дар натиҷа олимон нишондодҳои анатомии занонро чен карда, чанд таҳлил гузарониданд.
Тавре маълум гардид, заноне, ки ба ҳамсаронашон хиёнат мекардаанд, хусусияти хосе доштанд. Ангушти ишоратии дасти чапи онҳо аз ангушти ҳалқаашон дарзтар будааст.
Аммо дар мардон ин хусусият дида намешудааст.
Баъди гузаронидани тадқиқот олимон тасдиқ карданд, ки таносуби байни дарозии панҷаҳо дараҷаи ҳормонҳои ҷинсии занонаи эстрогенро, ки ба хусусиятҳои занонагии онҳо ҷавобгӯ будааст, инъикос мекунад.
Аммо натиҷаҳо бо тасаввуроти олимон муқобил буданд: онҳо интизор буданд, ки занон бо дараҷаи ками эстроген ба хиёнат моиланд.
Маълум гардидааст, ки нишондиҳандаи баланди ҳормон дар занони ҳардамхаёле ба қайд гирифта мешавад, ки аз ҳаёти худ бо ҳамсаронашон қаноатманд нестанд ва барои ҳамин муҳаббатро "дар кӯча" меҷӯянд.