Маҳмадсаид Убайдуллоев вакилонро ба шунидани паёми Эмомалӣ Раҳмон даъват кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан / Гузариш ба медиабонкПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 26 декабри соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо имзои як қарор вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро ба ҷаласаи якҷоя даъват кардааст.

Тибқи қарори  Маҳмадсаид Убайдуллоев маҷлиси якҷоя 26 декабр соати 9:00 дар Душанбе баргузор мешавад.

"Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 26 декабри соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - гуфта мешавад дар қарори Убайдуллоев.

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тибқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Лентаи хабарҳо
0