Ба гуфтаи коршинос айни ҳол Тоҷикистон бо мушкилии норасоии қувваи барқ рӯ ба рӯ аст.
“Бо ба истифода додани НБО Роғун мушкили энержии Тоҷикистон бартараф мешавад. Ин масъала дар фасли зимистон аслан аз будани об вобаста аст. Агар зимистон об кам бошад дар ҳақиқат интиқоли нерӯи барқ аз Покистон ба Тоҷикистон муфид хоҳад буд”, - ба Sputnik Тоҷикистон гуфт Сергей Пикин.
Коршинос қайд кардааст, ки ба воситаи хатҳои интиқоли нерӯи барқи лоиҳаи CASA-1000 метавон барқро ба ҳарду самт равона кард.
“Хатҳои интиқоли барқи CASA-1000 ҳамчун роҳрави нақлиёти ба нақша гирифта шудааст, ки метавонад ба ҳарду ҷониб кор кунад”, - тасдиқ кард Пикин.
Вай илова кард, ки чунин таҷрибаҳо дар ҳама ҷо амалӣ мешаванд.
“Тахмини баробарии молиявӣ интиқоли нерӯ қариб ба сифр баробар аст. Инҷо масъалаи танҳо масофа ва иқтидор мебошад. Ҳеҷ кас зарар намебинад”, - қайд кард Пикин.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Покистон эълон карда буд, ки мехоҳад тариқи лоиҳаи CASA-1000 дар фасли зимистон нерӯи барқи аз Тоҷикистон интиқолёфтаро баракс ба Тоҷикистон бо нархи қабулкардааш баргардонад.