Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда бо боридани барфу борон дар назар аст

© Sputnik / Наталья СеливерстоваДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда боридани барфу борон ва фаромадани меғ дар назар

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда  шуда,   боридани борону барф ва  фаромадани меғ ва ё туман дар  назар аст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, танҳо дар охири рӯз боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -7-12, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25  ва рӯзона -4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр   ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона  7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман  дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда   шуда,  шабона 3+5  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0