Нерӯҳои посдори сулҳи Русия соли 2019 дар се тамрини низомии Тоҷикистон иштирок мекунанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМиротворцы Минобороны России на совместных учениях миротворческих сил ОДКБ, архивное фото
Миротворцы Минобороны России на совместных учениях миротворческих сил ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуруҳи нерӯҳои посдори сулҳи Русия соли 2019 дар тамрини низомии “Бародарии пойдор – 2019” ва ду тамрини низомии дигар дар размоишгоҳи пойгоҳи 201-ум – “Лоҳур” иштирок мекунад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ягона нерӯи низомии хушкигарди Русия ва посдори сулҳ дар вилояти Самара ҷойгир карда шудааст, ки дар соли 2019 дар се тамрини низомӣ дар Тоҷикистон иштирок мекунад, хабар додааст дафтари матбуотии Ҳавзаи низомии марказӣ.

“Гуруҳи посдорони сулҳ соли 2019 дар се тамрини низомӣ дар Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ин тамрини низомии байналмилалии “Бародарии пойдор – 2019”, ки моҳи октябр баргузор мегардад ва ду тамрини низомии дигар дар размоишгоҳи пойгоҳи 201-ум – “Лоҳур” мебошанд, ки дар назар аст моҳҳои феврал ва ноябр баргузор гарданд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.

Ба маълумоти дафтари матбуотӣ мақсади тамринҳо дар размоишгоҳи пойгоҳи 201 – “Лоҳур” ин коркарди имкониятҳои интиқоли фаврии қисмҳои низомӣ дар ҳудудҳои калон барои гузаронидани амалиётҳои сулҳбарпокунӣ мебошад.

Ин гуруҳи нерӯи посдори сулҳ ба гвардияи артиши 2-юми умумирусиягӣ шомил буда ягона қувваи посдори сулҳи нерӯи низомии хушкигарди Русия  ба шумор меравад.

Ин қисми низомӣ мувофиқи созишнома пурра бо хизматчиёни низомӣ таъмин буда дорои навъҳои навтарини силоҳ ва техникаҳои ҳарбӣ мебошад.  

 

Лентаи хабарҳо
0