ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки падару писаре дар Душанбе ба авбошӣ муттаҳам мешаванд. Бино бар иттилои манбаъ, онҳо шоми 5 декабр дар яке аз кӯчаи пойтахт ду ҷавонро бо корд маҷрӯҳ кардаанд.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Номбурда 5-уми декабри соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, дар кӯчаи Ганчарови шаҳри Душанбе, ҳамроҳи писараш, ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ду нафар писарони 17-солаи сокинони пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташон буда, ноболиғони зикргардидаро захмӣ намудаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа, ҷабрдидагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Барои дастгир намудани нафари дигари гумонбари ин ҷиноят чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, тафтиши ҳодисаи мазкур давом дорад.