Тоҷикистон дар СММ дар бораи дастовардҳои кишвар дар 15 соли ахир маълумот дод

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЗдание ООН в Нью-Йорке, архивное фото
Здание ООН в Нью-Йорке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар СММ дар бораи дастовардҳои кишвар суханронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.  Тоҷикистон дар 15 соли ахир дар соҳаҳои гуногун ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст, эълон намудааст дар СММ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода.

Ёдрас мешавем, ки  4 декабри соли равон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразодадар мулоқоти сатҳи баланд ҷиҳати баррасии мушкилиҳои кишварҳои даромадашон миёна дар амалисозии Рӯзномаи 2030 доир ба рушди устувор ширкат ва суханронӣ намуд.

Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод: Тоҷикистон сатҳи камбизоатиро ду баробар коҳиш дод

“Дар давоми 15 соли охир, Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра ду стратегияи коҳиши камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012 ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардидаанд”, - таъкид намудааст Тоҷиддин Ҷӯразода.

Ҳамчунин вай афзудааст, ки бинобар гузаронидани ислоҳот ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор, Тоҷикистон ба пешравии назаррас дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81% то 30,3% ноил гардидааст. 

 

Лентаи хабарҳо
0