ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футзал имконияти ворид шудан ба Ҷоми Осиё-2019-ро аз даст дод, хабар додааст дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври интихобӣ ҷавонони тоҷик аз тими Афғонистон шикаст хӯрданд. Қайд шудааст, ки мусобиқа бо ҳисоби 1:4 ба анҷом расидааст.
Дастаи Афғонистон аввалин шуда ба дарвозаи мунтахаботи Тоҷикистон гол зада аст. Ҳамин тариқ 2 гол дар даври аввал ва 2-тои дигар дар даври дуюм зада шудаанд.
Ягона голро аз тарафи дастаи тоҷикон Рабиҷон Рабиев дар дақиқаи 35-ум вориди давозаи ҳариф кардааст.
Ҳамин тариқ баъди пирӯзӣ, дастаи Афғонистон ба Ҷоми Осиё-2019 роҳхат пайдо карда, тими мунтахаби Тоҷикистон имконияташро аз даст додааст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа рӯзи сешанбе дар шаҳри тошканд баргузор гардид.