Пешниҳоди 74 варзишгари пешқадами 2018 ба ҷоизаи аз 15 то 300 ҳазор сомонаи Президент

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар умум 74 варзишгаре, ки дар соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, ба ҷоизаи мазкур пешниҳод карда шуданд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. 74 варзишгаре, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро боло бардоштанд ба Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуданд, иттилоъ медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 5 декабр таҳти роҳбарии муовини нахуствазири Тоҷикистон ва раиси Комиссияи Ҷоизаи Президент Азим Иброҳим ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷаласаи комиссияи мазкур баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масъалаи пешниҳоди варзишгарони пешсафи соли 2018 ба ҷоиза баррасӣ карда шуд.

"Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо қарори худ 74 нафар варзишгаронро, ки соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, барои гирифтани ҷоизаи зикршуда дар соли равон пешниҳод намуд", - менависад манбаъ.

Ёдрас мешавем, моҳҳои август Кумитаи олимпӣ хабар дод, ки раисҷумҳури Тоҷикистон барои варзишкороне, ки аз бозиҳои осиёӣ барои кишвар медал меоранд, мукофотпулӣ таъин кард. Гуфта мешуд маблағи он аз 15 ҳазор то 300 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

"Барои медали тилло — 150 ҳазор сомонӣ, нуқра — 100 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ  - 50 ҳазор сомонӣ ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дода мешавад", - гуфта мешуд дар иттилои манбаъ.

Тавре намояндаи Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, "мувофиқи низомномаи ҷоиза, он ба варзишгароне дода мешавад, ки дар Бозиҳои Осиё, Бозиҳои Олипӣ ва Чемпионати ҷаҳон ё Осиё пирӯз шуда бошанд".

Намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш изҳор дошт, ки кумита баъди хулосаи кори комиссия рӯйхати варзишгаронеро, ки ба ҷоизаи президентӣ сазовор дониста мешаванд, эълон мекунад.

Лентаи хабарҳо
0