Падруд доллар: Аврупо аз доллар даст мекашад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттиҳодияи Аврупо ба гурӯҳи кишварҳое, ки аз доллар даст мекашанд мехоҳад ҳамроҳ шавад: кишварҳо қарор додаанд баҳои хариду фурӯши нафту гоз ва колоҳои хомро ба евро пардохт кунанд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.  Иттиҳодияи Аврупо бастаи чораҳо барои васеътар истифода намудани евро дар соҳаҳои старатегии иқтисодӣ ба монанди хариду фурӯши нафту гоз ва колоҳои хомро таҳия намудааст.

Мақсади асосии Иттиҳодияи Аврупо – коҳиш додани нақши доллар дар бахши энержӣ, аз ҷумла дар хариду фурӯш бо Эрон мебошад, ки зери таҳримҳои Вошенгтон қарор дорад.

Пекин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ояндаи Осиёи Марказӣ – аз иқтисод то дӯстӣ бо Чин

Дар бораи он ки чӣ тавр ҷаҳон аз доллар даст мекашад хабаргузории РИА Новости шарҳ додааст.

Ин ҷанг аст

Имрӯз тамоми амалиётҳо ё бо доллар ё тавассути бонкҳои амрикоӣ сурат мегирад, ки ба таври автоматикӣ равобити тиҷоратиро зери қонунгузории Амрико мебарад.

Вақте, ки Вашингтон таҳримҳо ҷорӣ мекунад, иштирокчиёни бозори ҷаҳониро ба интихоб рӯ ба рӯ месозанд: ё равобити тиҷоратиро бо кишваре, ки зери таҳрим афтиданд қатъ намоянд ё аз бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ маҳрум шаванд.

То замоне, ки амрико бо шарикони наздикаш равобити хуб дошт, ин низом хуб ба роҳ монда шуда буд. Аммо ҷанги тиҷоратие, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пеш гирифтааст, вазъро комилан тағйир дод. 

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ рушди андаки иқтисод дар оғози соли 2015-ро зикр кард

“Амрико бо чандин кишвари дунё, ки ҳаҷми умумии ММД-ашон 15 триллион доллар ва аҳолии ин кишварҳо наздик ба 2 миллиард нафар мерасад дар ҳолати ҷанги тиҷоратӣ қарор дорад. Инчунин, Вазорати молияи Амрико ҳазорҳо нафарро дар рӯйхате дохил кардааст, ки онҳо аз истифодаи низоми байналмилалии молиявӣ маҳрум шуданд”, - таъкид намуд роҳбари пажуҳишгоҳи амнияти ҷаҳонӣ Гэл Лафт.

Ба гуфтаи Лафт, Амрико бо сиёсати пешгирифтаи худ норозигии зиёдеро ба миён оварда, сабаби ташкили низоми молиявии алоҳида шудааст, ки Амрико ба он дастарасӣ надорад.

Ахиран рӯзномаи Financial Times хабар додааст, ки Иттиҳодия Аврупо лоиҳаи санадеро тартиб додааст, ки дар ҷаласаи моҳи декабри соли равон барои баррасӣ ба роҳбарияти ИА пешниҳод хоҳад шуд.

Алексей Кудрин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири собиқи молияи ФР: саҳми Русия дар иқтисоди ҷаҳонӣ коҳиш меёбад

Ҳоло 80 дарсади воридоти маҳсулдоти нафту гоз ба Аврупо бо доллар сурат мегирад. Тибқи санади мазкур кишварҳои Аврупо бояд кафолатӣ диҳанд, ки шартномаҳои баъди дар доираи шартномаҳои байнидавлатии энержӣ танҳо бо евро сурат мегирад.

Коршиносони Аврупо ба ин назаранд, ки новобаста аз сиёсати пешгирифтаи раисҷумҳури Амрико, ин иқдом истиқлолияти иқтисодии Иттиҳодияи Аврупоро зиёдтар хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0