Мусобиқа?: арчаи солинавиро дар Хуҷанд бо 40 ҳазор чароғаки ороишӣ зеб медиҳанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЕлочные украшения на новогодней елке, архивное фото
Елочные украшения на новогодней елке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баландии арчаи солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд 20 метр ва паҳноии он 9 метрро ташкил дода, ба гуфтаи масъулин, бори аввал дар бист соли охир дар Хуҷанд арчаи солинавиро бо чунин шаҳомат зеб медиҳанд. Пештар шаҳрдории Душанбе низ эълом карда буд, ки бори аввал арчаи баландтаринро дар пойтахт насб мекунад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Арчаи солинавии маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷандро бо 40 ҳазор чароғаки ороишӣ зеб медиҳанд, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, арчаи солинавӣ дар Хуҷанд бо 20 метр баландӣ ва 9 метр паҳноӣ қомат хоҳад афрохт.

Ба гуфтаи масъулин, бори аввал аст, ки арчаи солинавиро дар маркази вилоят бо чунин шаҳомат насб мекунанд.

"Арчаи Соли навии маркази вилоятро 40 000 чароғаки ороишӣ бо зиёда аз 4000 бозичаҳои гуногун бо дизайни муосир зеб медиҳад", - менависад манбаъ.

Интизор меравад арчаи солинавӣ дар Хуҷанд то 10 декабр қомат афрозад.

Ин дар ҳолест, ки пештар масъулини шаҳрдории Душанбе низ эълом карда буданд, ки дар пойтахт арчаи баландтарин насб мекунанд. Ба гуфтаи масъулин, имсол арчаи солинавӣ ба хотири бузургтару баландтар буданаш дар наздикии тандиси Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ ҷой дода шуда, онро бо 12 ҳазор бозича оро хоҳанд дод. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, арчаи Душанбе низ бояд то 10 декабр омода бошад.

Лентаи хабарҳо
0