ВУД Тоҷикистон: бо чӯбдаст зада одам кушт

Обуна шудан
Латукӯб бо чӯбдаст сабаби марги марди 30-солаи сокини деҳаи Нови ноҳияи Спитамен шудааст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулиси кишвар марди 26-солаи сокини ноҳияи Спитамен дастгир карда шуд.

Вай бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дигар нафар дастгир карда шуд. 

Вор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занеро шабона дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ латукӯб ва ғорат карданд

“Номбурда, рӯзи 2-юми декабри соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар тарабхонаи “Амал”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навкати ҳамин ноҳия, бо марди 30-солаи сокини деҳаи Нов, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо чӯбдаст ба рӯйи охирон 1 маротиба задааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷаи латукӯб, ҷабрдида ба замин афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон ин ҳодисаро мавриди  тафтишот қарор додаанд.

Лентаи хабарҳо
0