Дар Душанбе ба насби арчаи баландтарин оғоз кардаанд. Зоҳиран имсол арчаи солинавӣ ҷой иваз карда, дар майдони Дӯстӣ, дар наздикии тандиси Исмоили Сомонӣ насб карда мешавад. Пештар онро дар ҳамин майдон, вале дар саҳни бинои парлумон мешинониданд.
Афзун бар ин, баландии дарахти ҳамешасабз 27 метрро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 2 метр баландтар шудааст. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, арчаи солинавиро бо 12 ҳазор бозича ва чароғакҳои светоидӣ ороиш хоҳанд дод.