ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Роҳбари синфи 7-уми яке аз мактабҳои ноҳияи Бувайдини вилояти Фарғона дар шарқи Узбакистон барои маломат ва ҷазо додани мактаббачагоне, ки натавонистаанд маблағи обунаи рӯзномаи давриро супоранд, аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шудааст, хабар додааст дафтари матбуотии Вазорати маороифи халқ.
“Натиҷаҳои санҷиш нишон доданд, ки 16 ноябр роҳбари снфи 7 “В” Р.М. нисбати ду талабаи синф ҳаракатҳои ғайриқонуни нишон дода, онҳоро на танҳо танқиду маломат, балки лату куб кардааст, чунки онҳо натавонистаанд маблағи обунаи нашрияи давриро супоранд”, - гуфта мешавад дар иттилоия оид ба ҷамъбасти тафтиши маълумотҳои пешкашнамудаи расонаҳои хабарӣ.
Ба маълумоти Вазорат дар асоси фармони роҳбари шӯъбаи маорифи вилояти Фарғона ин омӯзгор ва ноиби директор оид ба корҳои тарбиявӣ аз кор ронда шуданд. Нисбати директор низ чораҳои интизомӣ андешида шуданд.
“Вазорати маорифи халқи Узбакистон ҳама намуди ҷазоро маҳкум мекунад ва аз омӯзгорону талабагон ва волидайни онҳо дават мекунгад, ки ҳама навъи нофаҳмиҳоро бе лату куб ва ҷазои якдигар ҳал намоянд”, - гуфта шудааст дар хабари дафтари матбуотии муассиса.
Инчунин Вазорат аз кормандони мактабҳо даъват кардааст, ки аз ҷамъкунии пулҳои ғайрирасмӣ даст кашанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли равон як омӯзгори Донишкадаи муҳандисию техникии Бухоро низ як дониҷӯйро барои бе гарданбанд (галстук) ба дарс омаданаш лату куб карда буд, ки дар натиҷа ӯро аз кор ронда буданд.