Варзишкорони тоҷик дар Ҷоми Осиё соҳиби медали тилло ва биринҷӣ гаштанд

CC BY 3.0 / wikimedia / Дзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Мусобиқаи Ҷоми Осиё доир ба дзюдо, ки аз 1-2 декабр дар шаҳри Гонконг баргузор шуд, 2 медал ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи Ҷоми Осиё доир ба дзюдо паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали тилло гардида Хайёмиддин Ҷабборов сазовори медали биринҷӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни -73 кг гӯштин гирифтанд.

“Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб намуда, дар финал бар варзишгари Япония Даичӣ Танака пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид”, - таъкид намудааст манбаъ.

Аммо Хайёмиддин Ҷабборов  дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Гонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Япония Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ишитрок намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0