Раддабандии кишварҳои рушдкунанда: Тоҷикистон дар ҷои чандум қарор гирифт?

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСтатуя Исмаила Самани, архивное фото
Статуя Исмаила Самани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар соли 2018 дар раддабандии кишварҳои рушдкунанда як зина боло рафта миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои сеюм қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои рушдкунанда ҷои 101-умро ишғол намудаст, қайд шудааст дар ҳисоботи маркази таҳқиқоти бритониёи Legatum Institute.

Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон имсол дар раддабандӣ як зина боло рафта миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷои сеюм қарор гирифтааст.

Ҷиҳати беҳтарини Тоҷикистон дар ин раддабандӣ амният ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб дар ҷои 63-ум қарор гирифтааст. Аз ҳама ҷиҳатҳои поёнтарини Тоҷикистон ин муҳити зист (экология) ва озодии шахсӣ буданд. Кишвар аз нигоҳи муҳити зист дар ҷои 132-юм ва озодии шахсӣ – 131қарор гирифтааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ҳамчун давлати пешқадам дар ҷои 77 қарор ва Қирғизистон бошад дар ҷои 78 царор гирифтаанд. Узбакистону Туркманистонро аз сабаби надоштани маълумот ба раддабандь ворид накардаанд.

Сегонаи беҳтаринҳо дар раддабандӣ ин Норвегия, Зеландияи Нав ва Финландия ба ҳисоб мераванд. Аз ҳама охир дар ин раддабандӣ Ҷумҳурии марказии Африка ва Афғонистон мебошанд.

Имсол дар раддабандии кишварҳои рушдкунанда 149 кишвар ворид шудаанд. Муалифон кишварҳоро аз ҷиҳатҳои зерин муқоиса карданд: сатҳи рушди иқтисодӣ, фазои тиҷоратӣ, натиҷабахшии роҳбарияти кишвар, сатҳи дониш, ҳифзи саломатӣ, амният ва озодии шахсӣ, меъёрҳои рушди сармояи иҷтимоӣ ва муҳити зист.  

Лентаи хабарҳо
0