ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 2+4 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба 0+5 ва рӯзона ба 10+15 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона -1+4 ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25 ва рӯзона -2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +11+16 дараҷа гарм хоҳад шуд.