ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ҳадафи ин иқдом кам кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.
Манбаъ афзуд, аз 3 декабри соли равон дар хатсайри микроавтобусии №11, дар масири мактаби №61 - бозори “Балх”, шумораи “Мерседес-Бенс” маҳдуд карда шуда, хизматрасонии автобусҳои №11 роҳандозӣ гардид.
“Дар хатсайри микроавтобусии №10, дар масири Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор" низ шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри №10, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор" ба роҳ монда шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ илова намуд, ки дар хатсайри автобусии №2, дар масири Терминали мусофирбарии шарқ - Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ, теъдоди автобусҳо аз аз 20 ба 26 адад зиёд карда шуда, ҳаракати мусофирбарҳои хурди №33 тавассути кӯчаи Неъмат Қарабоев маҳдуд гардид.
Шаҳрдорӣ аз мусофирон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои нави замонавӣ истифода бурда, нақлиёти ҷамъиятиро дар истгоҳҳо мунтазир шаванд.