Ҳалокати Рисолат Намозова зери чархи "Тайота-Корола"-и Ҷумъа Умаров дар маркази Душанбе

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рисолат Намозова ҳамагӣ 30 сол дошта, сокини ноҳияи Варзоб будааст. Ронанда дар хиёбони Рӯдакии Душанбе назди маркази дилхушии "Обшорон" аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, занро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи садамаи нохуши нақлиётӣ дар макрази шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он мутаассифона зани 30-солае ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 29 ноябр тақрибан соатҳои 17:40 рух додааст.

Гуфта мешавад, ронанда, Ҷумъа Умарови 57-сола, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарони пойтахт, дар рӯ ба рӯи Маркази дилхушии “Обшорон” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Намозова Рисолат Умаралиевна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст. 

Рисолат Намозова дар пайи ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0