Раисҷумҳур дарди дили ҷавонони бадахширо шунид: гусели 100 сокини ВМКБ барои кор ба Роғун

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочая поездка Эмомали Рахмона в ГБАО. 28 июля 2015 года
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в ГБАО. 28 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бештар аз 100 ҷавон аз вилояти Бадахшон барои кор ба нерӯгоҳи Роғун сафарбар шуданд. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, ин иқдом бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон баъди баррасии пешниҳоди ҷавонони бадахшонӣ, ки "бекорӣ сабаби шомилшавии ҷавонон ба баъзе гурӯҳҳост" пиёда карда шуд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бештар аз 100 сокини аз 20 то 45-солаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нерӯгоҳи Роғун бо ҷойи кор таъмин шуданд. Онҳоро имрӯз, 29-уми ноябр ҳукумати вилоят дар вазъи тантанавӣ ба "Роғун" гусел кардааст.

Тавре сухангӯи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, сокинони вилоят бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди расонидани пешниҳоди худи ҷавонон ба рисҷумҳур амалӣ карда шуд.

"Ҳангоме, ки гурӯҳҳои корӣ дар маҳаллаҳои Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд, ҷавонон изҳор доштанд, ки сабабҳои шомилшавии бархе аз онҳо ба гурӯҳҳои мухталиф ин бекорӣ мебошад. Ин арзи ҷавонон ба самъи раисҷумҳур расонида шуд ва ҷаноби олӣ супориш доданд, ки сокинони вилоят ба кор таъмин карада шаванд", -мегӯяд вай.

© © Пресс-служба исполнительного органа ГБАОМолодежь из ГБАО отправились на Рогунскую ГЭС
Раисҷумҳур дарди дили ҷавонони бадахширо шунид: гусели 100 сокини ВМКБ барои кор ба Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Молодежь из ГБАО отправились на Рогунскую ГЭС

Ба гуфтаи Ниятбеков, сокинони сафарбаршуда аксар аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа буда, бархе аз онҳо мутахассисони соҳа ва бештари онҳо коргари қаторӣ мебошанд.

"Вақте мо дар ҳамкорӣ бо шуғли аҳолӣ дар ҷустҷӯи бекорон барои сафарбаршавӣ ба "Роғун" шудем, бархе ҷавонон пайдо шуданд, ки мутахассиси соҳаянд ва изҳор доштанд, ки омодаи кор дар нерӯгоҳанд. Аммо аксари сафарбаршудаҳо коргари қаторӣ ҳастанд", - афзуд сухангӯи вилоят.

Ба гуфтаи вай, коргарон бо ҷойи хоб низ таъмин шудаанд ва бархе аз онҳо хонаводаҳояшонро низ бо худ бурдаанд.

© © Пресс-служба исполнительного органа ГБАОМолодежь из ГБАО отправились на Рогунскую ГЭС
Раисҷумҳур дарди дили ҷавонони бадахширо шунид: гусели 100 сокини ВМКБ барои кор ба Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Молодежь из ГБАО отправились на Рогунскую ГЭС

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, Ёдгор Файзов, раиси вилоят зимни машварати корӣ бо мақомдорони вилоят ҷалби ҳамватанони бурунмарзиро, ҳамчун шарикони рушд барои равнақ додани бахшҳои гуногуни ВМКБ ба миён гузошт.

Ба гуфтаи Ниятбеков, ҳукумати вилоят азм дорад, ки бо ҷалби соҳибкорони бурунмарзии бадахшонӣ дар ҳудуди вилоят корхонаҳо ташкил намуда, дигаронро низ ба кор таъмин кунад.

Лентаи хабарҳо
0