Роҳбари дафтари матбуотии "Росреестр" Арина Макарова ба Soputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки роҳбари нави идора ва зодаи Тоҷикистон Парвиз Тӯхтасунов дар мақоми наваш кадом ӯҳдадориҳоро дорад.
Ба гуфтаи Макарова, Парвиз Тӯхтасунов дар вазифаи мудири "Росреестр" ба рушди хизматрасониҳои электронии идора идома хоҳад дод.
“Аслан, Парвиз Константинович ӯҳдадор шудааст, ки идораро ба ширкати хизматрасонии зерсохторҳои технологияҳои иттилоотӣ, ки хизматрасониҳои давлатии "Росреестр"-ро таъмин мекунад, табдил диҳад”, - тавзеҳ дод вай.
Макарова таъкид мекунад, ки ин ширкати хизматрасонии зерсохторҳои технологияҳои иттилоотӣ яке аз пешрафтатарин корхонаҳои давлатӣ хоҳад шуд.
Сухангӯи идора афзуд, ки Тӯхтасунов аллакай дар "Росреестр" худро чун мутахассиси ҳирфаӣ нишон додааст.
"Парвиз ба иҷрои вазифаҳои мудири "Росреестр" бо масъулияти пурра ва омодагии иҷрои корҳои идора бо сифати баланд ва бо мақсади рушди "Росреестр" шурӯъ кард", - гуфт Арина Макарова.
Шарҳи бештари сухангӯи "Росреестр"-ро дар ин маврид аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.