Шарҳи ВУД аз ҳабси омӯзгори донишгоҳ барои "гаппартоӣ" дар Душанбе

© МВД РТАрест преподавателя Шарифчона Хасанова
Арест преподавателя Шарифчона Хасанова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шарифҷон Розиқов, ки омӯзгори донишгоҳ будааст, дар яке аз кӯчаҳои Душанбе духтари 23-солаеро дашноми қабеҳ дода, шаъну шарафашро дар назди дигарон паст задааст. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омӯзгори ҷавон ба 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум шудааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе қазияи ҳабси як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро тавзеҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Шарифҷон Розиқови 24-сола, корманди донишгоҳи молия дар кӯчаи Нахимоваи шаҳри Душанбе як ҷавондухтари 23-солаи Душанберо, ки интизори нақлиёт будааст, "дашном ва ҳақоратҳои қабеҳ дода, шаъну шарафи номбурдаро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст".

"Вобаста ба ҳолати мазкур, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҷавони дағалкирдор аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, ниҳоят номбурда дастгир карда шуд. Муайян гардид, ки ин ҷавони дағалгуфтор шаҳрванд Розиқов Шарифҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе буда, корманди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад", - менависад ВУД.

Нисбати Шарифҷон Розиқов "бинобар паст задани шаъну шарафи ҷавондухтар" бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳи ноҳияи Сино ӯро ба мӯҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Ёдрас мешавем, духтаре, ки ба Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе нисбати Шарифҷон Розиқов шикоят бурдааст, тариқи Фейсбук муроҷиат кардааст. Бори аввал нест, ки шикоятҳои корбарон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баррасӣ гаштани қазия дар идораҳои давлатӣ мешавад.

Ёдрас мешавем, тобистони соли равон шикоятҳои сершумори занону духтарон аз "гаппартоӣ" дар Душанбе боис шуд, ки гурӯҳи махсуси баррасии озори лафзии занон ташкил шавад. Ба гурӯҳнамояндагони шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳо шомил шуданд.

Лентаи хабарҳо
0