ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Зебосанами тоҷик Раъно Умурзоқова шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии ҳусну истеъдоди этникӣ дар шаҳри Уфаро ба даст овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Бошқирдистон.
Зебосанами тоҷик дар бахши “Мисс Артистизм” низ соҳиби ҷои аввал гаштааст.
Озмуни “Miss International Ufa” бо ибтикори вазорати фарҳанг ва Кохи дӯстии халқҳои Бошқирдистон ва таҳти сарпарастии Агентии ҷавонони Русия баргузор гардида, дар он намояндагони беш аз 60 кишвар аз 20 қавми гуногуни сокини ин ҷумҳурии Русия иштирок намуданд.
Ба даври ниҳоии ин сабқати байналмилалии ҳусн 12 духтар роҳ ёфтанд.
Ҳар зебосанам бо либосҳои миллии худ ба саҳна баромада, барномаи ҳунарие аз фарҳанги миллати худ нишон доду дар бахши суолуҷавоби интеллектуалӣ рақобат карданд.
Дар ниҳоят шоҳҷоиза ва тоҷи бонуи аввали озмуни “Miss International Ufa”-ро сазовори Раъно Умурзоқова аз Тоҷикистон шуд.
Мақоми дуюмро Карина Ахвледиани аз Гурҷистон ва ҷои сеюмро зодаи ноҳияи Боймоқи Бошқирдистон Наркяс Аралбаева ба даст оварданд.