ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як сокини шаҳри Хоруғро ҷустуҷӯ доранд, ки духтари 12-солаеро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
Бино бар иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шаби 24 ба 25-уми ноябр сокини маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ дар ҳолати мастӣ сари чанбараки мошин нишастааст.
Ӯ ба талаботи кормандони БДА итоат накарда, ба худрави шахсии корманди ШВКД шаҳри Хоруғ осеб расонида, ҳаракат бо суръати баландро идома додааст.
Ронандаи фирорӣ идома суръати ҳаракати автомашинаро боз баландтар карда, дар маҳаллаи Тирчиди Хоруғ, пиёдагарди ноболиғ Кимиёи Хурсанд, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми мактаби президентии шаҳри Хоруғро зер намудааст.
Ронанда ба ҷои кӯмак аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Айни замон ноболиғ таҳти назорати табибон қарор дошта, ҷустуҷӯи ронанда идома дорад.