Як мақоми дигари Шодихон Ҷамшедро Ёдгор Файзов мегирад?

© Фото : Пресс-служба правительства ГБАОПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ба мақоми вакилӣ аз вилояти Бадахшон дар Маҷлиси миллӣ номзадии раиси феълии вилоят Ёдгор Файзов пешниҳод карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Раиси пешини ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба наздикӣ бо хоҳиши худ аз мақоми узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон меравад.

Собиқ раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед охирҳои ҳафтаи гузашта бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин гардид ва мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон наметавонад дар мақоми вакилӣ монад.

Интизор меравад, ба мақомои вакили нав аз Бадахшон, муовини раиси Маҷлиси миллӣ номзадии раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пешниҳод шавад.

Ёдрас мешавем, 25 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷ вакил аз ВМКБ, Суғд, Хатлон ва НТМ) интихоб мекунанд, 8 вакил бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъин карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0