ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ботурбек Ғаниев, раиси ҷамоати мазкур мегӯяд, ин иқдомро, сокини деҳаи Сасибулоқ Нисратулло Латипов оғоз кард, ки бо 6790 сомонӣ маблағе, ки бояд барои маъракаи “чил”-и модараш сарф мекард, як километру 320 метр роҳи дохили деҳаи Сасибулоқро шағалпӯш намуд.
“Инчунин бо маблағи 590 сомонӣ 11 чароғаки равшанкунандаи барқиро ба симчӯбҳои маркази деҳаи Сасибулоқ васл кард”, - иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” аз қавли Ғаниев.
Манбаъ афзуд, ки ҳамин тариқ, сокинони дигари ҷамоат Исроил Хашеков, Муҳриддин Ҳайдаров, Зайдулло Маҳмадов ва Деҳқон Саидов аз ҳисоби маблағ барои маросимҳои “чил”-у “сари сол”-и падару модаронашон дар сангфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ва сохтмони беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Сарикенҷа саҳм гузоштанд.
Ин иқдом дар ҷамоату шаҳракҳои Ваҳдат, Ҷиргатол, Янгишаҳр, Сартало, Қашот, Лахш, Муксу ва Алғаи ноҳияи Лахш дастгирӣ ёфта, ба ҳамин восита сокинон ободкориҳои зиёд намудаанд.
Музафар Маҳмудов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш, гуфтааст, то имрӯз бо кумаки техникии муассиса ва саҳми сокинони саховатпеша 27 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва 11 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ таъмин шудааст.
“Бо истифода аз қувваи сокинон ва техникаву механизмҳои муассиса роҳи маркази Ҷамоати деҳоти Қашот дар масофаи 2 км мумфарш карда шуд”, - изҳор доштааст манбаъ.
Саҳми шаҳрвандон дар корҳои ободонӣ, ки аз сокинони қаторӣ то мансабдорони воломақомро фаро мегирад, дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ густурда шудааст.