ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Русия бояд барои собиқ шаҳрвандони Русия роҳҳои осони гирифтани шаҳрвандиро пешниҳод кунад, мегӯяд раиси бонки ВТБ Андрей Костин.
"Ба фикри ман, мо дар ин маврид нисбати ҳамватанонамон, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, муносибати дуруст ба роҳ намондаем. То ҳол барои собиқ шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ, чӣ миллаташ рус ё дигар бошад ва аз Донбасс ё Украина ба Русия омада бошад, гирифтани шаҳрвандӣ мушкил аст", - гуфт Костин ҳангоми баромад дар панҷумин форуми Донишгоҳи молия "Как попасть в пятерку".
Вай афзуд, ки дар бештари ҳолатҳо шаҳрвандии Русияро ҳатто нафароне ба даст оварда наметавонанд, ки ҳатто дар кишвар ҷойи кори доимӣ ва манзил доранд.
"Ба фикри ман ин имконияти хуб барои мост. Масалан, олмониҳо тукр ё арабҳоро ба ҷалб мекунанд, дар мо бошад, русҳо наметавонанд ба кишвар баргарданд. Бештаре аз онҳо маълумот доранд, ҳатто як қисмашон дар Русия маълумоти олӣ гирифтаанд. Зеро барои баргаштан ба кишвар равандҳои мушкил ва сахт вуҷуд дорад", - афзуд вай.
"Ман фикр мекунам, баъд аз он, ки президент чанд қарори марбутаро қабул кард, вазъият беҳтар мешавад. Ба фикри ман, ин имконияте бузурге барои мо, барои пур кардани норасоии захираи меҳнатӣ аст", - таъкид дошт Костин.