Коршинос: Русия ҳам метавонад ба Тоҷикистон гӯшти мурғ содир кунад

© Sputnik / Александр КондратюкПтицеводческое предприятие "Равис – птицефабрика Сосновская" в Челябинской области
Птицеводческое предприятие Равис – птицефабрика Сосновская в Челябинской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири Хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия Леонид Холод масъалаи содироти гӯштро аз Амрико ба Тоҷикистон тавзеҳ дод

Намояндаи Вазорати хоҷагии қишлоқи Амрико Кристина Строссман ва раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар Анқара масоили тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ карданд.

Каримзода таъкид кард, ки Тоҷикистон мехоҳад воридоти гӯшти мурғи босифатро аз Амрико ба кишвар ба роҳ монад. Ҳамчунин Тоҷикистон хостори аз ИМА ворид кардани таҷҳизот барои рушди соҳаи паррандапарварӣ шуд.

Ба гуфтаи Холод, Амрико метавонад гӯшти пастсифатро низ содир кунад.

Холод: представление о качестве мяса в США и Таджикистане могут быть разными

"Дар Амрико маҳсулоти баландсифат зиёд аст, масъала дар сари арзиши он аст. Ҳамааш аз он восбаста аст, ки талаботи Тоҷикистон дар чист. Амрико - калонтарин кишвари истеҳсолкунандаи гӯшти парранда аст. Дар ҳамин ҳол, дар кишвар бештари гӯшти мурғ пасмонда мешавад ва ин маҳсулотро кишвар содирот мекунад. Дар ин ҳолатҳо Амрико ба шарикон маҳсулотро қарз медиҳад ё арзон мефурӯшад", - гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод афзуд, ки Русия низ талаботи Тоҷикистонро нисбат ба гӯшти мурғ қонеъ карда метавонад, масъала дар он аст, ки кадом кишвар арзонтар бозори Тоҷикистонро бо гӯшти мурғ таъмин мекунад: Амрико ё Русия.

Тафсилоти бештарро аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.

Лентаи хабарҳо
0