Ҷазои ронандаи мусофирбари № 33 барои талаби роҳкиро аз кӯдаки 5-сола

© Sputnik / Стас ЭвтешДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури нақлиёти шаҳри Душанбе аз танбеҳи ронандаи мусофирбари хатсайри 33 хабар дод, ки аз меъёр барзиёд мусофир гирифта, аз кӯдаки 5-сола роҳкиро талаб намудааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар пайи нашри навори баҳси як мусофир бо ронандаи мусофирбари рақами давлатиаш 8669тт06 барои гирифтани мусофирони барзиёд ва талаби роҳкиро аз кӯдак, вокуниш нишон додааст.

При въезде в Куляб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷумҳурият”: чаро сӯзишворӣ арзон шуду роҳкиро не?

Раҷаби Мирзо, муассиси гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” посухи мақомотро нашр намудааст, ки дар он аз муҷозоти ронандаи мусофирбари мазкур СобировС. хабар дода шудааст.

Бар асоси ин иттилоия, зимни ҷаласаи фаврӣ аз Собиров, ки мусофирони барзиёд гирифтаасту аз кӯдаки 5-сола роҳкиро талаб намудааст, баёнот гирифта шуд.

Манбаъ афзудааст, ки нисбати ин ронандаи мусофирбар дар баробари танбеҳ, инчунин санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0