Гузориши Кумитаи амният аз Хоруғ: мошини милисаро заду ноболиғро зер карда, гурехт - видео

© © Sputnik / Амир ИсаевПост БДА в Хороге, архивное фото
Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 22 - солаи шаҳри Хоруғ бо мошинаш “ВАЗ 21 012”, шаби 24 ба 25 ноябр мошини корманди милисаро задаасту як хонандаи мактаби президентиро зер намудааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши Кумитаи амният, шаби 24 ба 25 ноябр, дар кӯчаи Шоҳқирғизи шаҳри Хоруғ, Муслим Зикиллобеков, сокини 22-солаи маҳаллаи Бархоруғ, дар ҳолати мастӣ, бо суръати баланд, ба талаботи қонунии кормандони БДА итоат накарда, автомашинаи хусусии корманди ШКД-и Хоруғ, капитан Замиров Хусравро зада, корношоям намудаст.

Манбаъ афзуд, ки Зикиллобеков дар идома суръати ҳаракати автомашинаро боз баландтар карда, дар маҳаллаи Тирчиди Хоруғ, пиёдагарди ноболиғ Кимиёи Хурсанд, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми мактаби президентии шаҳри Хоруғро зер намудааст.

Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду паёми Ёдгор Файзов ва парокандашавии ҷамъомадагон дар Хоруғ (ВИДЕО)

“Ронанда ба ҷои кӯмак аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Айни замон ноболиғ таҳти назорати табибон қарор дошта, ронанда Муслим Зикиллобеков ба самти номаълум фирор кардааст”, - омадааст дар гузориши Кумитаи амният.

Ин ниҳод афзудааст, ки мақомот барои дастгир ва муҷозоти Зикиллобеков тамоми чораҳоро андешида истодаанд.

Кумитаи амният дар хитоб ба сокинони ВМКБ таъкид намудааст, ки ҳадафи Ситоди байниидоравии таъмини амният барҳам додани фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятпеша ва таъмини бехатарии сокинони Хоруғ мебошад.

Ин ниҳод илова намудааст, ки баъзан шахсони иғвогар ба фаъолияти дидбонгоҳҳо дахолат мекунанд ва ҳушдор додааст, ки ин иқдом ҷавобгарӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0