Ғорати “Айфон” аз дасти навраси 13-сола дар Душанбе

© PixabayРуки с мобильными телефонами, архивное фото
Руки с мобильными телефонами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милиса аз боздошти марди 30-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар ғорати “Айфон” аз дасти ноболиғ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур марди 40-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 22 ноябри соли 2018, тахминан соати 18:30, шахси номаълум бо зӯроварӣ аз дасти писари 13-солаи ноболиғаш  “Айфон-С-5”-ро кашида гирифтааст.

Манбаъ изҳор доштааст, ки ҳодиса дар назди манзили истиқоматиашон рух дода, арзиши  “Айфон-С-5” 900-сомониро ташкил медиҳад.

ВУД афзуд, ки барои даст доштан дар ин ҳодиса сокини 30-солаи пойтахт дастгир шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0