Зуҳуров ба вазирон: ҷое, ки шумо сармоягузор ҷустуҷӯ намоед, онҳо дари шуморо мекӯбанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПредседатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, зимни баррасии буҷети Тоҷикистон афзудааст, ки сармоягузорони хориҷӣ вазирону шахсони мансабдори кишварро ҷустуҷӯ мекунанд, то ки ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, зимни баррасии буҷети давлатӣ вазирон ва мансабдорони Тоҷикистонро барои беаҳмиятӣ ба сармоягузорони хориҷӣ танқид кард.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров ба Жириновский: вақти он расидааст, ки санадҳои рӯикоғазмонда амалӣ шаванд

Ба гуфтаи вай, имрӯз ба ҷое, ки вазирони мо сармоягузор ҷустуҷӯ кунанд, баръакс сармоягузор онҳоро меҷӯяд.

“Онҳо ба ҷое, ки сармоягузоронро даъват кунанду, замин ҷудо намоянд, илтимосу хоҳиш  кунанд, баракс сармоягузорон 10-20 рӯз ба пеши мансабдорон ё вазирон расида наметавонанд”, - таъкид кард Зуҳуров.

Дар ҳамин ҳол, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон гуфт, ки барои он, ки мардум ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд, бояд шароит фароҳам карда шавад, аммо мутаасифона ҳоло шароит нест.  

Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров аз вакилон даъват кард, ки хомӯш набошанд

Ба гуфтаи вай,  Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорон қонунҳо қабул намудааст, супоришҳои Президент ҳаст ва ҳатто фармонҳо низ мавҷуд аст, аммо дар ҷойҳо муносибат ба сармоягузорон ва шахсоне, ки мехоҳанд дар ҷумҳурӣ кор кунанд, ба монанди 10 сол пеш аст.

“Мактубҳои сармоягузорон, ки ба вазорату идораҳо равон карда мешаванд, хоб мераванд. Мансабдорони мо нигоҳ мекунанд, ки кай соҳиби ҳамон мактуб меояду аз онҳо боз як бори дигар хабар мегирад. Мушкилот дар ҳамон ҷост”, - таъкид намуд Зуҳуров.

Лентаи хабарҳо
0