Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи 9 сентябри соли 2019 дар рӯзи таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун”-ро фаъол кард.
Тибқи гузориши телевизиони Тоҷикистон, Раҳмон баъди фаъолсозии чарха назди 10 ҳазор сохтмончӣ ва меҳмонон омада, онҳоро бо ҷашни Истиқлол ва фаъолсозии чархаи дуюм шодбош гуфт.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷуҳури Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 дар ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва коргарони нерӯгоҳи “Роғун” бо пахши тугмача чархаи аввали НБО-ро ба кор даровард.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин - Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд.
Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.