ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати мазкур аз 16 то 23 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор гардида, Абророва бо дарёфти 5 хол аз 7 холи имконпазир ҷои дуюмро ишғол намуд.
“Дар чемпионат 300 шоҳмотбоз аз 11 кишвар иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 10 шатранҷбоз иборат буд”, - омадааст дар иттилоия.
Дар чемпионати мазкур инчунин шатранҷбози навраси тоҷик Меҳриддин Шарифов дар байни писарони то 14-сола сазовори ҷойи чорум гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Сабрина Абророва, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Душанбе, шоҳмотбози умедбахш мебошад.
Абророва соли гузашта бори аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми Ботвинник дар Маскав, дар ду бозӣ ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод, ки барои ҷавонтарин иштирокчӣ натиҷаи хуб ба ҳисоб мерафт. Имсол дар 43-юм Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон, Сабрина аз 11 холи имконпазир 6,5 хол ба даст овард, ки дар таърихи шоҳмоти Тоҷикистон миёни бонувон натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад.