Бозори фаҳш дар Душанбе: аз мизоҷони ноболиғ то танфурӯшҳои 300-долларӣ

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗдание МВД в Душанбе, архивное фото
Здание МВД в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини Душанбе – марди 24-сола ва зани 22-сола хабар додааст, ки дар бозори танфурӯшии пойтахт ба даллагӣ машғул шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои Вазорати умури дохоилӣ, маъмурини милиса, зани 22-солаи сокини кӯчаи А.Ғуломов, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковскийро бо гумони даллагӣ дастгир намудаанд.

Ночной Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Нарх ва нуқтаи мардони танфурӯш дар Душанбе маълум шуд

Манбаъ мегӯяд, ҷавонзани муттаҳам аз се мард дар пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ бо ҷавонзанҳои 21, 22 ва 27-сола 300 доллари амрикоӣ гирифтааст.

“Номбурда, ба даллагӣ машғул шуда, санаи 24-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, барои қонеъ намудани талаботи шаҳвонии шаҳрвандон - марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, марди 21-солаи сокини шаҳри Турсунзода, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе онҳоро бо занони 22, 21 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе шинос намуда, аз онҳо 300-доллари амрикоӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки инчунин марди 24-сола,  сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанберо бо гумони даллагӣ дастгир намуданд, киҷавони ноболиғ барои алоқаи ҷинсӣ бо зани 36-сола шинос карда, 170 сомонӣ гирифтааст.

“Номбурда, ба даллагӣ машғул шуда, рӯзи 23-юми ноябри соли 2018 марди 17-сола,  сокини ноҳияи Восеъро бо зани 36-солаи сокини кӯчаи Гипрозем барои алоқаи ҷинсӣ шинос карда, аз онҳо 170-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - изҳор доштааст ВУД.

Манбаъ таъкид намудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0